24 Ноябр 2024 - 17:10
Аз ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба мақари типи «Голани»-и Исроил то идомаи тарҳи муваффақи ноамнсозии шаҳракҳо

Порс тудей - Ҳизбуллоҳи Лубнон барои дувуминбор тайи 24 соати гузашта, бо теъдоде паҳподи интиҳорӣ, мақари фармондеҳии типи «Голани»-и артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, мақари фармондеҳии типи «Голани» дар шимоли шаҳри ишғол шуда «Аъко»-ро бо паҳпод ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз шабакаи Ал Минори Лубнон, ҳамчунин даргириҳои шадиде байни муқовимати исломӣ ва низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҷануби шарқи Лубнон анҷом шуду размандагони Ҳизбуллоҳ як танки артиши режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он шуморе аз саҳюнистҳо захмӣ шуданд.

Расонаҳои исроилӣ ҳам аз нуфузи паҳподҳои шиносоии Ҳизбуллоҳи Лубнон бар фарози чандин шаҳраки саҳюнистнишин дар шимоли сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроил хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, муқовимати исломии Лубнон дар амалиёти дигар маҳали таҷаммуъи низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар шаҳракҳои саҳюнистнишини ҳаммарз бо Лубнонро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод.

Дар чорчӯби силсила «амалиёти Хайбар», размандагони муқовимати исломии Лубнон пойгоҳи «Истило Морис» (пойгоҳи роҳбурдии назорату кантроли дарёӣ дар савоҳили шимолӣ) дар марзи Лубнону Фаластини ишғолиро бо чандин фарванд мӯшак ҳадаф қарор доданд.

342/